ТАҶЛИЛИ 950 – СОЛАГИИ МУТАФАККИРИ БУЗУРГИ ТОҶИК МУҲАММАДИ ҒАЗОЛӢ

Сентябрь 26, 2008 12:21

Душанбе, 26 сентябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).- Аввали моҳи октябр дар саросари ҷаҳон 950 – солагии рӯзи таваллуди яке аз мутафаккирони бузурги асримиёнагии тоҷик Абуҳамид Муҳаммади Ғазолӣ ботантана ҷашн гирифта мешавад. Бояд гуфт, ки асарҳои сершумори ин файласуфи машҳур ба хазинаи мафкураи илмии ҷаҳонӣ шомил гардидаанд. Сардори раёсати таҳияи барномаҳои миллии стратегӣ ва иҷтимоию иқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон Абдувоҳид Шамолов ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки ақидаҳо ва ғояҳои фалсафии Ғазолӣ бо вуҷуди гузаштани асрҳои тӯлонӣ имрӯз ҳам аҳамияти худро гум накардаанд. ЮНЕСКО дар иҷлосияи 34- уми худ 27 октябри соли 2007 қарори махсус қабул намуд, ки мувофиқи он 950 – солагии Муҳаммади Ғаззолӣ дар саросари ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад. Аз ҷумла тайёрӣ ба таҷлили ёдбуди мутафаккири бузург дар Тоҷикистон ҳам давом дорад. Ба ин муносибат нақшаи тадбирҳои идона тартиб дода шудааст. 7-8 октябр дар шаҳри Душанбе бахшида ба ҳаёту эҷодиёти Муҳаммади Ғазолӣ конфронси байналхалқии илмӣ баргузор мегардад. Дар он намояндагони доираҳои илмии на танҳо Тоҷикистон балки мамлакатҳои дигар ширкат меварзанд.

Сентябрь 26, 2008 12:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад