ТААРРУФАҲОИ НАВИ «ОРИЁНБОНК»
Душанбе, 30 сентябр. (АМИТ “Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Аз 1 октябри соли равон таарруфаҳои нави хизматрасонии ҶСК «Ориёнбонк» ҷорӣ карда мешаванд, ки бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ мувофиқа карда шудаанд. Аз бонки мазкур ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки нархи хизматрасониии пулакӣ ба шахсони ҳуқуқӣ, воқеӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ ва кортҳои пластикии бонкӣ тағйир дода шуд. Ҳадафи ин иқдом ҳимояи манфиатҳои мизоҷон, таъминоти фаврии муомилоти пул, пешгирии пастшавии қӯрби пул дар шароити тағйирёбандаи бозор, таъмини фоиданокии пасандоз, додани маълумоти зарурӣ ба мизоҷон, инчунин ҳавасманд гардонидани онҳо мебошад.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






