АЗ РӮЗИ ҚАБУЛИ АҲДНОМАИ ҲУҚУҚИ КӮДАК 19 СОЛ ПУР ШУД

Ноябрь 20, 2008 15:33

       Душанбе, 20 ноябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-20 –уми ноябр аз рӯзи қабули Аҳдномаи ҳуқуқи кӯдак 19 сол сипарӣ гардид. Ба ин муносибат дар пойтахт бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва мусоидати намояндагии Бунёди атфоли Созмони Милали Муттаҳид дар мавзӯи «Нақши сохторҳои идоракунии маҳаллӣ дар амалисозии барномаҳои қабулгардидаи беҳсозии ҳаёти кӯдакону ҷавонон» мизи мудаввар доир шуд.        Муовини раиси шаҳри Душанбе Санавбар Раҳимова ва роҳбари намояндагии Бунёди атфоли СММ дар Тоҷикистон Хонгвей Гао доир ба вазъи кӯдакон дар шаҳри Душанбе ва нақши Бунёди атфоли СММ дар беҳдошти ҳаёти кӯдакони Тоҷикистон ибрози назар карданд. С. Раҳимова гуфт, ки бо мақсади иҷрои маромҳои Аҳдномаи ҳуқуқи кӯдак дар пойтахт, аз ҷониби шаҳрдорӣ барномаи дастгирии сиёсати иҷтимоии ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон фаъолият менамояд, ки нақши он дар ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон назаррас аст.          Иштирокчиёни нишаст –намояндагони Комиссияи миллии оид ба ҳуқуқи кӯдаки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, сохторҳои кор бо ҷавонон, мудирони шӯъбаҳо оид ба ҳуқуқи кӯдакони шаҳру вилоятҳои Тоҷикистон муҳимтарин масъалаҳои беҳдошти ҳаёти кӯдакон ва ҷавонон, аз ҷумла ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон, ба таҳсил ҷалб кардани онҳо, ҳифзи сиҳатӣ ва аз хушунату зӯроварӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб ҳимоя кардани кӯдакону ҷавонон, кӯмак расонидан ба кӯдакони ятиму бепарастор ва имконияташон маҳдуд (маъюбон), коҳиш додани ҷинояткорӣ дар байни наврасону ҷавонон, ҷалб намудани онҳо ба варзиш ва машғулиятҳои амалиро баррасӣ намуданд. Онҳо пешниҳод карданд, ки бояд фаъолияти тамоми сохторҳои марбутаро ҳамоҳанг сохт, то масъалаҳои сиҳатӣ, омӯзиш, пешгирии хушунат ва зӯроварӣ ва дигар мушкилоти ҳаёти кӯдакон роҳи ҳалли худро ёбанд.       Дар анҷом иштирокчиёни нишаст муроҷиатномаи махсус қабул карданд.      Маълумот: Аҳдномаи ҳуқуқи кӯдак яке аз ҳуҷҷатҳои муҳими байналмилалӣ буда, 20-уми ноябри соли 1989 аз тарафи СММ қабул гаштааст. Тоҷикистон, ки узви комилҳуқуқи СММ мебошад, дар қатории 193 кишвари дунё ин санадро 26-уми июни соли 1993 эътироф намудааст. Аҳдномаи ҳуқуқи кӯдак аз 54 модда иборат буда, он бо мақсади беҳдошти вазъи иҷтимоӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои кӯдакон қабул шудааст.

Ноябрь 20, 2008 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир гардид
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ заминаи боэътимоди рушди босуботи ҷомеа мебошад
Истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ заминаи хуби фаровонҳосилӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво ба 38 дараҷа мерасад
ИСТИФОДАИ БОСАМАРИ ЗАМИН. Сокини деҳаи Гулистони ноҳияи Кӯшониён аз замини наздиҳавлигӣ ду-се ҳосил ба даст меорад
Дар шаҳри Гулистон сохтмони корхонаҳо ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти муосир идома дорад
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба китобу китобхона ташаббусҳои ҳизбӣ доир мегарданд
Ҳамкории Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани Душанбе ва Донишгоҳи давлатии Кубан тақвият меёбад
Дар намоишгоҳи «Сӯзании Панҷакент» намунаи маҳсули ҳунармандони чирадаст ба намоиш гузошта мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мураббои анҷир кори дил ва рагҳои хунгардро муътадил мегардонад
Дар ҳашарҳои экологӣ 9 км канори шоҳроҳи мошингарди Исфара-Хуҷанд аз партовҳо тоза карда шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест