Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 12.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати муқаддимавӣ оид ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ (дихлордифенилтрихлорэтан) дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, машварат ҳамчунин фазои муколамаро барои баррасии шаклҳои нави пешниҳоди иттилоот, мутобиқ ба контексти миллӣ ва вазифаҳои лоиҳа боз намуд. Иштирокчиён роҳҳои коммуникатсияро муҳокима намуда, нақшаҳои ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистонро тарҳрезӣ намуданд.
Машварат оғози стратегии иттилоотии навро нишон дод, ки ба таҳкими шаффофият, ҷалби ҷонибҳои манфиатдор ва рақамисозӣ дар татбиқи лоиҳа равона шудааст.
Ин машварат ҳамчун нуқтаи воридшавӣ барои ҳама ҷонибҳои манфиатдор хизмат намуда, имконият фароҳам овард, то роҳҳои паҳн намудани иттилоот дар бораи раванди татбиқи лоиҳа, ҳадафҳо ва натиҷаҳои он баррасӣ карда шаванд. Коммуникатсия тавассути платформаҳои онлайн, маводи визуалӣ, захираҳои чопӣ ва механизмҳои бозгашти иттилоот аз аҳолӣ амалӣ мегардад. Пештар ин вазифаро ташкилоти швейтсарии FSD иҷро мекард, ки маҳсулоти калидии иттилоотӣ, аз ҷумла харитаҳо, ҳисобот ва маводи марбут ба амнияти экологиро таҳия ва паҳн менамуд. Бо такя ба ин таҷриба равиши нав ба ниёзҳои маҳаллӣ мутобиқ шуда, ба интерактивӣ ва ҷалби устувори гурӯҳҳои мақсаднок равона шудааст.
Ҳадафи асосии лоиҳа иборат аз коркарди на камтар аз 5 000 тонна партовҳои ДДТ дар Тоҷикистон ва Қирғизистон бо истифодаи технологияи ғайритермалӣ мебошад. Лоиҳа ҳамчунин ба таҳкими сиёсати идоракунии партовҳо, қонунгузорӣ дар давлатҳо ва боло бурдани иқтидор дар соҳаи идоракунии партовҳои хатарнок равона шудааст.
АКС: АМИТ «Ховар»










Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






