ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 12.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 10 декабр дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи ҷамъбастии яке аз рӯйдодҳои барҷастатарини сол – Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал гузаронида шуд. Дар даври ниҳоӣ дастаҳо аз Душанбе ва Хуҷанд бозӣ карданд. Ба ҳайси шарики генералии бозиҳо дар соли 2025 ширкати «МегаФон Тоҷикистон» баромад намуд.
Ҷоми соли 2025 рӯйдоди воқеан муассир гардид: марҳилаҳои плейофф, аз ҷумла даври нимниҳоии «Сипар» – «Сомон» ва «Соро Компания»– «Истиқлол» теъдоди сершумори ҳаводорону мухлисонро ҷамъ оварда, сатҳи баланди иштирокчиёнро нишон дод. Дастаҳо исбот карданд, ки варзиши дӯстдоштаи онҳо аз футболи «калон» танҳо бо якчанд қоида фарқ мекунаду халос – шиддати шавқу рағбат нисбат ба футзал аз шавқу рағбат нисбат ба мусобиқаҳои бузург дар варзишгоҳҳо қариб фарқ надорад.
Дар даври ниҳоии мусобиқаҳо дастаҳои қавитарини мавсим – «Соро Компания»-и пойтахт ва «Сипар»-и Хуҷанд рақобат карданд. Дар натиҷаи мусобиқаи пуршиддат хуҷандиён ғолиб шуда, сатҳи воқеан баланди омодагӣ ва устувории натиҷаҳоро нишон доданд. Натиҷаи бозӣ – 3:2 бар фоидаи қаҳрамонон.
Дар маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон директори генералии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Анатолий Изюмников, ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Искандар Ҷалилов, раиси кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон Абдузоир Исмоилов ва директори Лигаи футзали Тоҷикистон Бахтовар Меликов иштирок намуданд.
«Ширкати мо бисёр мусобиқаҳои варзиширо дастгирӣ менамояд. Бо вуҷуди ин ҳар бор мо иштирокчиёнро чунин дастгирӣ мекунем, гӯё онҳо бори аввал бозӣ карда истодаанд. Маҳз дар ҳамин аст неруи варзиш, ки диққати нафарони мухталифро ба худ ҷалб месозад. Ҷоми 2025 рӯйдоди рангину барҷаста буд. Мутмаинам, ки он ба баландшавии мароқ нисбат ба футзал ва афзоиши теъдоди тоҷикистониёне, ки ба ин намуди дастрас ва ҳамзамон муассири варзиш машғул мебошанд, мусоидат хоҳад кард», — иброз намуд директори генералии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Анатолий Изюмников.
«Дастгирии чунин шарики боэътимод ва неруманд, ба монанди «МегаФон Тоҷикистон» ба мо имкон медиҳад, ки мусобиқаҳо ба сатҳи нави касбӣ бароварда шаванд. Ҷоми соли 2025 аз ҷиҳати такмили маҳорати техникии иштирокчиён ҳам як қадами муҳим ба пеш буд. Ба ҳама дастаҳо барои бозӣ ва ба мухлисон барои фазои гуворою беназир миннатдорӣ баён менамоем», – изҳор дошт директори Лигаи футзали Тоҷикистон Бахтовар Меликов.
АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»











Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад






