ҚОНУН «ДАР БОРАИ ФАРМОИШИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТӢ» ҚАБУЛ КАРДА МЕШАВАД

Декабрь 9, 2008 11:45

       Душанбе, 9 декабр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар асоси қарори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, 18 –уми декабр дар шаҳри Душанбе иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати сеюм даъват карда мешавад.       Тибқи иттилои Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, дар иҷлоисияи ҳабдаҳуми палатаи болоии парлумони мамлакат Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», «Дар бораи боҷи давлатӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фармоиши иҷтимоии давлатӣ» муҳокима мегарданд.       Ҳамзамон, баррасии дигар қонунҳою санадҳои ҳуқуқии марбут ба масъалаҳои ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат дар назар аст.

Декабрь 9, 2008 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд