ҲАҶМИ ХАРИДУ ФУРӮШИ МОЛ ДАР БАЙНИ ҶТ ВА УКРАИНА ЧАНДИН БАРОБАР МЕАФЗОЯД

Декабрь 4, 2008 09:44

         Душанбе, 4 декабр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).- Сафари  расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон   дар Украина имрӯз оғоз ёфт. Мутахассиси пешбари Раёсати сиёсати берунӣ ва рушди иқтисодиёти Маркази   тадқиқоти стратегии  назди Президенти ҷумҳурӣ Вафо Ниятбеков мулоҳизаҳояшро дар бораи вусъати  ҳамкории тиҷоратию иқтисодии ҳар ду кишвар баён карда, зикр намуд, ки  сафари Сардори давлати Тоҷикистон ба Украина дурустии  интихоби  шарикон ва ҳамкорони хориҷро  нишон медиҳад. Бояд гуфт, ки  рушди соҳаи  гидроэнергетика дар шароити имрӯза барои Тоҷикистон аз нуқтаи назари стратегӣ муҳим аст. Тасодуфӣ нест, ки дар Киев зимни гуфтушуниди сарони ҳар ду давлат маҳз ҳамин масъала махсус таъкид карда хоҳад шуд. Тавре ки маълум аст, қисмати зиёди асбобу анҷом ва таҷҳизоти нерӯгоҳҳои барқи обии Тоҷикистон дар корхонаҳои Украина сохта, ба ҷумҳурӣ оварда мешаванд. Қайд кардан лозим аст, ки  муносибатҳо   ва ҳамкории Тоҷикистону Украина таърихи  тӯлонӣ ва  заминаи мустаҳками ҳуқуқию  қонунӣ дорад.Умед бастан мумкин аст, ки  дар Киев масъалаҳои муҳимтарини ҳамкории ояндаи Тоҷикистону Украина дар соҳаҳои муҳимтарини иқтисодиёти ҳар ду кишвар, аз ҷумла  истихроҷи қувваи барқ, кишоварзӣ ва  гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд. Ҳамчунин зикр кардан лозим аст, ки паймонҳои имрӯзаи сарони ҳар ду давлат асоси воқеӣ дошта, дар оянда самараи дилхоҳ хоҳанд дод. Вафо Ниятбеков зикр кард, ки ҳаҷми хариду фурӯши мол дар байни Тоҷикистону Украина сол то сол меафзояд. Маблағи он дар давоми 10 моҳи соли 2008 қариб ба 95 миллион доллари ИМА расид. Ин нисбат ба натиҷаҳои соли 2007- ум қариб ду маротиба зиёд аст. Ҷараёни густариши муносибатҳои ҳар ду кишвар шаҳодат медиҳад, ки ҳаҷми хариду фурӯши мол дар байни онҳо солҳои наздиктарин бештар аз ду баробар меафзояд.

Декабрь 4, 2008 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Данғара озмуни «Фарҳанги дастархонороӣ» баргузор шуд
Пагоҳ дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад