ҲАЙАТИ АФҒОНИСТОН БА ТОҶИКИСТОН ОМАД
Душанбе, 20 декабр. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев). — Бо даъвати Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати Афғонистон таҳти роҳбарии муовини вазири фарҳанг ва иттилооти ин мамлакат барои боздиди корӣ ба Душанбе омад. Ҳадафи ташрифи меҳмонон шиносоӣ бо фаъолияти Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва муассисаҳои он мебошад. Ҳайати Афғонистон зимни сафар бо фаъолияти Маркази фарҳангии ҷавонони «Ориёно» шинос гардида, барои боздид ба шаҳри Турсунзода хоҳад рафт. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар фарҷоми сафар имзои Меморандуми ҳамкории Тоҷикистону Афғонистон дар соҳаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ пешбинӣ карда мешавад. Тарҷумон — Қудратов А.








Дар ноҳияи Данғара озмуни «Фарҳанги дастархонороӣ» баргузор шуд
Пагоҳ дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад






