ҲАРИФОНИ «РЕГАР — ТАДАЗ» МУАЙЯН ГАРДИДАНД

Декабрь 9, 2008 14:51

        Душанбе,  9   декабр.  (АМИТ «Ховар», Пайрав  Назаров). —  Дар  шаҳри  Маскав  маросими  қуръапартоии   мусобиқаи  байналхалқии  27 – уми  дастаҳои  футболи  мамлакатҳои  ИДМ  ва  Балтика   барои  ба даст овардани  Ҷоми қаҳрамонӣ  дар  соли  2009  баргузор  гардид. Дар  ин  мусобиқа  қаҳрамони  футболи  Тоҷикистон  дар  соли  2008 – дастаи  «Регар – Тадаз» — и   шаҳри  Турсунзода  ширкат  меварзад. Дастаи  мазкур  аз  рӯи  натиҷаҳои  қуръапартоӣ  ба  гурӯҳи «С»  шомил  гардид. Футболбозони тоҷик  дар ин  гурӯҳ  бо  дастаҳои  «Шахтёр» — и   Украина,  «Шариф» — и Молдавия ва  «Левадия» — и  Эстония қувваозмоӣ  хоҳанд кард. Мусобиқа  аз  17  то  25  январ  дар  пойтахти  Россия  баргузор  мегардад.

Декабрь 9, 2008 14:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд