ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ КИТОБДОРОНИ ВИЛОЯТ
Хуҷанд, 3 декабр. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). – Дар китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ озмуни «Китобдори беҳтарини сол» ҷамъбаст карда шуд. Дар он кормандони китобхонаҳои даҳ шаҳру ноҳияи вилояти Суғд ширкат варзиданд. Ороиши газетаи рӯзномаи деворӣ бахшида ба санаҳои гуногуни таърихӣ, тартиб додани нақшаи мухтасари ин ё он маъракаи фарҳангӣ ва гайра аз ҷумлаи шартҳои озмун буданд. Ҳайати доварон ба маҳорати кормандони китобхонаҳо баҳои сазовор дод. Аз рӯи натиҷаҳои озмун ҷоизаи асосии он насиби корманди китобхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Дилафрӯз Шарифбобоева гардид. Ҳайати доварон ба маҳорати касбии намояндагони ноҳияи Конибодом ва шаҳри Хуҷанд низ баҳои хуб дод. Ба қавли ташкилкунандагони озмун, чунин тадбирҳо ба такмили маҳорати кормандони китобхонаҳо мусоидат мекунад.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






