АМАЛИЁТИ ТЕРРОРИСТӢ БА САФОРАТХОНАИ ҶТ ДАР ҲИНДУСТОН ТАЪСИРЕ НАМЕРАСОНАД
Душанбе, 2 декабр. АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Амалиёти террористии дар маркази калонтарини молиявии Ҳиндустон — шаҳри Мумбай анҷомдодашуда тамоми ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овард. Сардори раёсати сиёсати берунӣ ва рушди равобити берунии иқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Абдунабӣ Сатторзода зимни сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» ақидаи худро дар бораи ин амалиёти бераҳмона чунин баён кард: Ин воқеаи фоҷианоки дар Ҳиндустон рухдода танҳо қобили таассуф мебошаду бас. Бояд гуфт, ки ин воқеа ба муносибатҳои Тоҷикистону Ҳиндустон таъсири манфӣ намерасонад. Зеро ба ақидаи сиёсатшиносон, ин воқеа хусусияти маҳаллӣ дорад. Бинобар ин ба таъмини амният ва фаъолияти сафорати Тоҷикистон дар Ҳиндустон ягон зарар расонда наметавонад. Агар хабарҳо дар бораи ворид гардидани террористон ба Ҳиндустон аз қаламрави Покистони ҳамсоя ҳақиқат дошта бошанд, дар ин маврид муносибатҳои ҳар дуи ин мамлакатҳо ояндаи наздик муташанниҷ хоҳад гашт. Дар бораи ин амалиёти террористӣ сухан ронда, таъкид кардан лозим аст, ки чунин воқеаҳо на танҳо барои як мамлакат, балки тамоми минтақа ва саросари ҷаҳон хавфи калон доранд. Ҷомеаи ҷаҳон бояд барои аз байн бурдани терроризм ҳамчун зуҳуроти манфии иҷтимоию сиёсӣ тадбирҳои самарабахш андешад. Дар акси ҳол имкон дорад, ки чунин амалиёт оянда дар мамлакатҳои дигар низ рух диҳанд. Вобаста ба ин проблемаҳои Афғонистонро низ ҳал кардан зарур аст. Зеро чигунагии вазъияти Афғонистон ба вазъияти ҳарбию сиёсии Покистон зич вобаста мебошад. Имрӯз чи дар Покистон ва чи дар Афғонистон гурӯҳҳои ифротгарои террористие амал мекунанд, ки дар ҳар мавриди қулай ба чунин амалиёт даст зада метавонанд, гуфт дар хотима Абдунабӣ Сатторзода.








Дар ноҳияи Данғара озмуни «Фарҳанги дастархонороӣ» баргузор шуд
Пагоҳ дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад






