АЗ ДОХИЛИ ЧАРХИ ЭҲТИЁТИИ МОШИН ГЕРОИН ЁФТАНД
Душанбе, 23 декабр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Кормандони шӯъбаи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фархор дар дидбонгоҳи ҷамоати Ғалабаи ноҳияи мазкур ронандаи мошини тамғаи «Хайфей» (рақами давлатиаш ВО 0692 РТ 01) Зиёратшо Абдурасулови 45-соларо боздошт намуданд. Мавсуф истиқоматкунандаи кӯчаи Фирдавсии шаҳри Душанбе буда, пеш бо моддаи 200, қисми 3-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон доғи судӣ дошт. Аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки ҳангоми азназаргузаронии мошин аз дохили чархи эҳтиётӣ 2 килограмму 860 грамм героин ёфт ва мусодира гардид. Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтиш идома дорад.








Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






