БАРОИ ТАҚВИЯТИ МУБОРИЗА БА МУҚОБИЛИ РИШВАХӮРӢ ЧӢ БОЯД КАРД ?

Декабрь 9, 2008 14:59

       Душанбе,  9   декабр.  (АМИТ «Ховар»,  Людмила  Дубинина).- 9  декабр  дар  саросари  ҷаҳон  Рӯзи  байналмилалии  мубориза  ба  муқобили  ришвахӯрӣ  таҷлил  карда  мешавад. Дар ин  бора  Созмони  Милали  Муттаҳид  9  декабри соли  2003  қарор  қабул   карда  буд. Тоҷикистон  ҳам ба  қарору  санадҳои  СММ  дар  бораи  мубориза  ба  муқобили  ришвахӯрӣ  ҳамроҳ  гардида,   барои  тақвияти  ин  мубориза  тадбирҳои  самарабахш  меандешад. Мухбири  АМИТ «Ховар»  дар  ин  мавзӯъ  бо  сардори  Раёсати таҳияи  нақшаҳои  миллии  стратегӣ ва   барномаҳои  иҷтимоию  иқтисодии  Маркази   тадқиқоти  стратегии   назди  Президенти  ҷумҳурӣ Абдулвоҳид  Шамолов  ҳамсӯҳбат  шуд. А.Шамолов  зикр  намуд, ки  аз рӯи  маълумоти  Бонки  ҷаҳонӣ  даромади  солона  аз  ришвахӯрӣ  дар  саросари  ҷаҳон  бештар аз  600 миллиард  доллари  ИМА – ро  ташкил  медиҳад. Давлатҳои  ҷаҳон  хавфи  бузурги   ин  зуҳуроти  номатлубро  барои  ҷомеа  ба  хубӣ  дарк  намуда, ба  муқобили  он  ҳамаҷониба  мубориза  мебаранд.           Бо ин  мақсад  дар  мамлакати мо «Дар  бораи  мубориза ба  муқобили  ришвахӯрӣ», «Дар  бораи  хадамоти  давлатӣ», «Дар  бораи   назорати  давлатии  молиявӣ»  қонунҳо  қабул  намуда,  Агентии махсуси  мубориза  ба  муқобили  ришвахӯрӣ  ташкил  карда шудааст. Вале  ҳуҷҷати  асосӣ  дар  ин  соҳа  Барномаи  миллии  стратегии  мубориза  ба  муқобили  ришвахӯрӣ  мебошад, ки  тадбирҳои   давраи  солҳои  2008 – 2012 – ро  дар  бар  мегирад.  Илова  бар  ин  соли  2006  ислоҳоти   фаъолияти  мақомоти  идораи  давлатӣ  гузаронида шуд. Ҳамаи  ин  дар  бораи  азми  қавии  роҳбарияти  сиёсии  мамлакат   дар  бобати   пурра  барҳам додани  ин  зуҳуроти  номатлуби  ҷомеа   шаҳодат  медиҳад.             А.Шамолов  зикр  намуд, ки  танҳо  бо  қувваи  давлат  ва  сохторҳои  қудратии он  дар  мубориза ба  муқобили  ришвахӯрӣ  натиҷаи  дилхоҳ  ба  даст  овардан  душвор  аст. Ба  ин мубориза  бояд  тамоми  қишрҳои  ҷомеа, тоҷирону  соҳибкорон  ва  созмонҳои  байналхалқӣ  ҷалб  карда  шаванд. Қайд  карда шуд, ки  барои  иҷрои  қонунҳо   ва  барномаи  стратегии  мубориза  ба  муқобили  ришвахӯрӣ  аз  ҳисоби  маблағҳои  ҷумҳуриявӣ ва  маҳаллӣ,  инчунин  созмонҳои  байналхалқӣ  маблағ  ҷудо  карда  мешавад. Дар  шароити  ҳозира  фаъолияти   аҳли  ҷомеаро  дар тақвияти  мубориза  ба  муқобили  ришвахӯрӣ  бештар  сохта,   сабабҳо  ва  шароитеро   барҳам  додан  зарур аст, ки  ба  равнақу  ривоҷи  ришвахӯрӣ мусоидат  мекунад, гуфт  дар  хотима  Абдулвоҳид  Шамолов.

Декабрь 9, 2008 14:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир гардид
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ заминаи боэътимоди рушди босуботи ҷомеа мебошад
Истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ заминаи хуби фаровонҳосилӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво ба 38 дараҷа мерасад
ИСТИФОДАИ БОСАМАРИ ЗАМИН. Сокини деҳаи Гулистони ноҳияи Кӯшониён аз замини наздиҳавлигӣ ду-се ҳосил ба даст меорад
Дар шаҳри Гулистон сохтмони корхонаҳо ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти муосир идома дорад
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба китобу китобхона ташаббусҳои ҳизбӣ доир мегарданд
Ҳамкории Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани Душанбе ва Донишгоҳи давлатии Кубан тақвият меёбад
Дар намоишгоҳи «Сӯзании Панҷакент» намунаи маҳсули ҳунармандони чирадаст ба намоиш гузошта мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мураббои анҷир кори дил ва рагҳои хунгардро муътадил мегардонад
Дар ҳашарҳои экологӣ 9 км канори шоҳроҳи мошингарди Исфара-Хуҷанд аз партовҳо тоза карда шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест