ДАР ҶИЛЛИКӮЛ МАРКАЗИ КИШОВАРЗӢ КУШОДА МЕШАВАД

Декабрь 3, 2008 08:44

          Қӯрғонтеппа, 3  декабр. (АМИТ «Ховар»,   Мурод  Сотиев). – Бо  кӯмаки  молиявии  сафоратхонаи  Ҷопон  дар  Тоҷикистон  дар  ноҳияи  Ҷилликӯл  маркази   омӯзиши  донишҳои  кишоварзӣ  кушода  мешавад. Мудири  шӯъбаи  иқтисодии   мақомоти иҷроияи  ҳокимияти  давлатии  ноҳия  Салимҷон  Авазов   ба  мухбири  АМИТ «Ховар»  гуфт, ки   марказ   ба  рушди  соҳаи  кишоварзӣ  бо  роҳи  гузаронидани  ҷамъомадҳои  гуногун,  аз ҷумла,  семинарҳо  мусоидат   хоҳад  кард. Кормандони  соҳа  ба  ин васила   донишу  таҷрибаи  худро  дар  бобати  парвариши  зироатҳои  серҳосил  ғанитар  мегардонанд. Ба  фаъолияти  марказ  олимону  мутахассисон  ҷалб  карда  мешаванд. Ҳамчунин   барои  гузаронидани  таҷриба қитъаи  замин  ҷудо карда  хоҳад  шуд. С.Авазов  дар  фарҷоми  сӯҳбат  зикр  намуд, ки  дар  назди  марказ  озмоишгоҳи  махсус  низ  кушода  мешавад. 

Декабрь 3, 2008 08:44

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд