ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ЗАБОНШИНОСИИ МАСКАВ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ МЕОМӮЗАНД

Декабрь 2, 2008 14:27

           Маскав, 2 декабр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова).- Моҳи феврал дар Донишгоҳи давлатии  забоншиносии Маскав машғулияти омӯзиши забони тоҷикӣ оғоз меёбад. Дар ин бора  ба  мухбири АМИТ «Ховар» ректори донишгоҳ Ирина Халиеева хабар дод.  Вай зикр намуд, ки  дар донишгоҳ айни ҳол забонҳои дигари халқҳои ИДМ , аз ҷумла забонҳои қазоқӣ ва қирғизӣ омӯхта мешаванд. И. Халеева имрӯзҳо дар Маскав дар мулоқоти роҳбарону намояндагони воситаҳои ахбори оммавии мамлакатҳои ИДМ иштирок дорад, ки бо ташаббуси  шӯрои байнидавлатии ҳамкории гуманитарии ИДМ ва Агентии иттилоотии «РИА Новости» давом дорад. Ректори донишгоҳ зикр намуд, ки  дар давраи ҳозираи  ташаккули ИДМ омӯзиши  забони миллатҳои  мамлакатҳои иттиҳод аҳамияти калон дорад. Дар мулоқот донишҷӯёни курсҳои болои донишгоҳ иштирок доранд. Онҳо ҳамчун мутахассисони забоншинос  оянда  дар соҳаҳои гуногун кор мекунанд, гуфт Ирина Халеева.

Декабрь 2, 2008 14:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд