ДАР МИНТАҚАИ ЗАРАФШОН ДАСТХАТИ МУТААЛЛИҚ БА АСРИ VI ЁФТ ШУД
Душанбе, 6 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Муҷассамаи мармарӣ ва ашёи дигаре, ки дар Қалъаи Золи ноҳияи Фархор кашф шудаанд, дар Осорхонаи бостоншиносии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта хоҳанд шуд. Ба эътиқоди бостоншиносони тоҷик, ашёҳои бостонӣ, ки дар ҷараёни ҳафриёти соли ҷорӣ дар Тоҷикистон пайдо шудаанд, аз аҳаммияти зиёди илмӣ ва таърихӣ бархӯрдоранд. Бостоншинос ва корманди Пажӯҳишгоҳи таъриху бостоншиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон, профессор Юсуфшоҳи Яъқубшоҳ бозёфти муҷассамаи мармарӣ дар ноҳияи Фархор ва дастхатҳои мутааллиқ ба қарнҳои ҳафт ва ҳашти милодӣ дар шаҳри Панҷакентро аз ҷумлаи осори нодири бостонӣ арзёбӣ кард. Ин муҷассама ба ҳазораи сеюми қабл аз милоди Масеҳ тааллуқ дошта, бо сабки пайкарасозии бобулӣ сохта шудааст. Профессор Юсуфшоҳи Яъқубшоҳ мӯътақид аст, ки ин муҷассамаи мармарии сохташуда ба сабки бобулӣ нишонае аз равобити миёни Хатлоншоҳ ва мулки Бобули бостонӣ будааст. Бояд ёдовар шуд, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ ҳайате аз бостоншиносон бо роҳбарии Шарофиддин Қурбонов ва Алексей Савченко дар минтақаи Зарафшон ашёи мухталифи бостонӣ, аз ҷумла дастхати мутааллиқ ба қарни ҳаштуми милодиро пайдо кардаанд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






