ДАР ТОҶИКИСТОН КОРХОНАҲОИ МУШТАРАК ТАЪСИС ДОДА МЕШАВАД
Душанбе, 9 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар доираи сафари давлатии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Украина, миёни Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ва ҶСК «Турбоатом»-и шаҳри Харков оид ба таъсиси корхонаи муштараки истеҳсоли таҷҳизоти гидротурбинаҳо барои нерӯгоҳҳои хурду миёнаи Тоҷикистон созишнома ба имзо расид. Дар ин бора сомонаи Интернетии atn.kharkov.ua иттилоъ додааст. Тибқи иттилои сарчашма, моҳҳои январ-феврали соли 2009 дар Душанбе ҷонибҳо масоили ҳуқуқиву ташкилии таъсиси корхонаи муштарак оид ба лоиҳакашӣ ва истеҳсоли таҷҳизоти гидротурбина барои нерӯгоҳҳои хурду миёна дар Тоҷикистон ва номгӯи зарурии таҷҳизотро баррасӣ мекунанд. Инчунин, сомонаи Интернетии Президенти Тоҷикистон – president.tj хабар медиҳад, ки дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони корхонаҳои азими «Турбоатом» ва «Электротяжмаш» масоили барқарорсозӣ ва густариши ҳамкориҳои бевосита баррасӣ шуданд. Аз рӯи натиҷаи гуфтушунидҳо ду санади муҳими ҳамкорӣ дар бораи бунёди ду корхонаи муштараки истеҳсолӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки мутобиқи яке аз онҳо дар заминаи корхонаи «Тоҷиктекстилмаш»-и шаҳри Душанбе корхонаи муштараки Тоҷикистону «Турбоатом»-и Харков оид ба истеҳсоли таҷҳизоти гидротехникӣ барои нерӯгоҳҳои хурду миёна кушода мешавад. Тибқи санади дуюм имконоти бунёди корхонаи муштараки истеҳсоли тракторҳои ХТЗ дар Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор мегирад. Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти корхонаи «Турбоатом» аз наздик ошно гардида, ҷузъиёти шартномаи таъмини нерӯгоҳи «Норак»-ро бо таҷҳизот мавриди баррасӣ қарор додааст. Ҷиҳати сохтани шаш агрегат ба маблағи $12 млн. барои нерӯгоҳи Норак, бо корхона гуфтушунид шуда, то ахири сол имзои шартнома дар ин хусус пешбинӣ гардидааст. Мӯҳлати иҷрои шартнома 3,5 солро ташкил дода, дар як сол корхона ба Тоҷикистон 2 гидротурбина хоҳад фиристод.








Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






