ФУРӮШИ БЕШ АЗ 21 ТОННА ОРД МАНЪ КАРДА ШУД

Декабрь 22, 2008 09:28

                  Кӯлоб, 22 декабр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Дар 11 моҳи соли ҷорӣ Раёсати минтақавии Агентии «Тоҷикстандарт» дар Кӯлоб 600 ташхису санҷиши маводи ғизоӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ гузаронид. Дар натиҷа, 38 ҳолати ҷавобгӯ набудани маҳсулот ба меъёрҳои қабулшуда ошкор гардид.                Тавре сардори Раёсати мазкур Рустам Неъматов иттилоъ дод, дар Кӯлоб фурӯши беш аз 21 тоннаву 487 килограмм орди барои истеъмол номувофиқ манъ карда шуд.                Бояд зикр намуд, ки аз оғози сол дар нуқтаҳои савдои минтақа фурӯши 895 кило равғани пахта, 300 кило шакари худсохт, 270 кило маҳсулоти қаннодӣ, 100 кило маҳсулоти ширӣ, 260 кило макарон, 90 кило ҳасиб, 70 кило чойи хушк ва беш аз 200 декалитр машруботу дигар нӯшокиҳо манъ карда шудааст.

Декабрь 22, 2008 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Данғара озмуни «Фарҳанги дастархонороӣ» баргузор шуд
Пагоҳ дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад