ГУРӮҲИ ҲУНАРӢ БА САФАР БАРОМАД

Декабрь 2, 2008 17:07

Душанбе, 2 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Гурӯҳи этнографию фолклории  «Навои Бадахшон»  ба  шаҳру ноҳияҳои  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба сафари ҳунарӣ баромад. Ин сафар ба туфайли кӯмаки мақомоти маҳаллӣ сурат гирифт. Аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ба АМИТ  «Ховар»  хабар доданд, ки  гурӯҳи  «Навои Бадахшон»  таҳти роҳбарии  ҳунарпешаи маъруф Абдулшаҳид Саодатшоев  дардавоми солҳои охир бори аввал ба сафари ҳунарӣ баромад. Гурӯҳи мазкур овозхонон, мутрибон ва раққосони маъруфи вилоятро муттаҳид мекунад. Онҳо аксарияти асбобҳои мусиқии халқиро менавозанд. Аввали соли 2009 сафари ҳунарии  гурӯҳи  «Навои Бадахшон» ба пойтахти мамлакат ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба нақша гирифта шудааст.

Декабрь 2, 2008 17:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд