ГВАРДИЯИ МИЛЛӢ ҶАМЪОМАДИ ТАЪЛИМӢ — МЕТОДӢ ДОИР НАМУД
Душанбе, 23 декабр. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).-Мувофиқи нақшаи ягонаи чорабиниҳо дар ҳама қисму воҳидҳои Гвардияи миллӣ давраи тайёрӣ ба соли 2009 оғоз гардидааст. Тавре аз дафтари матбуоти Гвардияи миллии ҷумҳурӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳайати фармондеҳи Гвардияи миллӣ бо мақсади баланд бардоштани малакаи касбии афсарони фармондеҳи қисму воҳидҳо оид ба идоракунии ҳайати шахсӣ дар фаъолияти ҳамарӯза, мукаммалгардонии фаъолияти фармондеҳон, бехатарии хизмати ҳарбӣ дар қисму воҳидҳо ва тарбия намудани ҳисси ифтихор барои хизмат дар сафҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади таълимӣ — методӣ доир намуд. Чорабинии мазкур муддати се рӯз дар қисми ҳарбии 051055 гузаронида шуд. Ҷамъомадро фармондеҳи Гвардияи миллии ҷумҳурӣ генерал-майор Раҷабалӣ Раҳмоналӣ оғоз бахшида, талаботи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикстонро аз ҳайати роҳбарикунандаи қисму воҳидҳои Гвардия ва зарурати гузаронидани ҷамъомади таълимиро қайд намуд. Сипас, мувофиқи нақшаи дарсӣ, корманди Прокуратураи ҳарбии Гарнизони шаҳри Душанбе Ҷ. Шукуров дар бораи тариқи бурдани таҳқиқ маълумот дод. Доир ба мавзӯи ҷавобгарии хизматчиёни ҳарбӣ барои вайронкунии қоидаҳои талаботи моддаҳои Кодекси маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковники адлия З. Собиров маърӯза хонд. Бояд қайд намоем, ки ҷамъомадро аз машғулиятҳои ҳуқуқӣ ва талаботи қонун оғоз намудан бесабаб набуд. Зеро яке аз сабабҳои сар задани ҷиноят аз надонистани ҳуқуқи хизматчиёни ҳарбӣ ва қонун аст. Инро ба инобат гирифта, ҳайати фармондеҳӣ боз ҳам пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни ҳайати шахсии қисму воҳидҳо ба нақша гирифтанд.Яке аз талаботҳои асосии хизмати ҳарбӣ аз лиҳози ҷисмонӣ солим будан аст. Дар нақшаи ҷамъомад машғулиятҳои варзишӣ ҷой дода шудаанд, то ин ки тайёрии ҳайати фармондеҳии қисму воҳидҳо ба машғулиятҳои варзишӣ баҳогузорӣ карда шавад. Дар Гвардияи миллӣ машғулиятҳои варзишӣ дар як ҳафта се маротиба гузаронида мешавад. Машғулиятҳои тайёрии амалиётӣ, хизмати қӯшунҳо, техникӣ, корҳои тарбиявӣ, тайёрии ақибгоҳ низ аз тарафи муовини фармондеҳи Гвардияи миллӣ ва афсарони ботаҷриба гузаронида шуд. Бо нишон додани чанде аз ихтирооти хизматчиёни ҳарбӣ, ҷамъомад барои иштирокчиён ҷолиби диққат гардид. Дар охири ҷамъомад бо иштироки фармондеҳони Гвардияи миллӣ мизи мудаввар баргузор гардид. Ҳозирин маълумот ва омӯзиши худро таҳлил намуда, доир ба беҳтар намудани хизмати ҳарбӣ изҳори ақида карданд. Бештар дар бораи тарбияи афсарони ҷавон, ки пас аз хатми мактаби олӣ ба хизмат меоянд, барномаи таълимӣ, ҳавасмандгардонии ҳайати шахсӣ, баланд бардоштани эътибори хизмати ҳарбӣ дар сафҳои Гвардия, одоби муошират ва этикаи хизмати ҳарбӣ сухан рафт. Пешниҳоди афсарон дар бораи ба Маркази таёрии кадрҳо фиристодани афсарони ҷавон аз тарафи фармондеҳи Гвардия пазируфта шуд. Гузаронидани чунин ҷамъомадҳо ба манфиати афсарон ва ҳайати фармондеҳии қисмҳои ҳарбӣ буда, барои ҳалли масълаҳо ва пешрафти хизмати ҳарбӣ заруранд.