«ХЛОПУШКА»-ҲОИ АЛИШЕР ПӮЛОДОВ НАТАРКИДАНД
Душанбе, 16 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар соли нав тарконидани маводи тарканда, ба истилоҳ «хлопушка» қариб ба анъана табдил ёфтааст. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ, чунин амал, ки дар соли нави 2009 метавонист боиси зарари шаҳрвандони кишвар гардад, аз тарафи кормандони умури дохилӣ пешгирӣ гардид. Гурӯҳи фаврии умури дохилӣ аз хонаи истиқоматкунандаи шаҳри Конибодом Алишер Пӯлодов 58 адад оташфаввора (салют), 7442 қуттӣ маводи тарканда (хлопушка) дарёфт ва мусодира карданд. Боиси зикр аст, ки воридоти маводи тарканда аз қабили оташфавора (салют) ва тарканда (хлопушка) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст. То соли нав 15 рӯзи дигар боқист, аммо дар кӯчаҳои пойтахт садои «хлопушка» ба гӯш мерасад.








ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад






