КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАХШИДА БА 100-СОЛАГИИ АКАДЕМИК Б. ҒАФУРОВ

Декабрь 2, 2008 10:01

        Душанбе, 2 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Бо ташаббуси шӯъбаи илм ва факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ 27-уми декабр бахшида ба 100-солагии академик Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони «Бобоҷон Ғафуров ва ташаккули таърихнигории миллӣ» конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад. Дар конфронс таърихшиносон, профессору академикҳои ҷумҳурӣ иштирок хоҳанд кард. Дар он як қатор масъалаҳо роҷеъ ба фаъолияти Б. Ғафуров, аз ҷумла, нақши ӯ дар тарбияи кадрҳои миллӣ, Бобоҷон Ғафуров ҳамчун арбоби сиёсӣ ва давлатӣ, саҳми академик дар ташаккули ховаршиносии шӯравӣ ва рушди таърихнигории миллӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.           

Декабрь 2, 2008 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Данғара озмуни «Фарҳанги дастархонороӣ» баргузор шуд
Пагоҳ дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад