МАКОТИБЕ, КИ ШАРОИТИ ТАЪЛИМӢ НАДОРАНД, АЗ НАВ СОХТА МЕШАВАНД

Декабрь 4, 2008 10:00

        Кӯлоб, 4 декабр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон тайи ду соли охир 90 фоизи мактабҳо таъмиру тармим гардида, бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз шудаанд. Бояд гуфт, ки дар аксари муассисаҳои таълимӣ лоиҳаҳои Маркази идораи таҷдиди соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонида шудаанд. Айни замон дар мактаби рақами 22-и шаҳри Кӯлоб, ки ҳанӯз солҳои шастуми асри гузашта сохта шуда буду шароити таълимӣ надорад, таъмири бинои дуюми таълимӣ иборат аз 10 синфхона, утоқи муаллимон ва ошхона мавриди истифода қарор гирифт.         Бояд зикр намуд, ки тибқи Барномаи давлатии таҷдиди соҳаи маориф, дар шаҳри Кӯлоб 20 мактаб зери таъмиру тармим ва азнавсозӣ қарор гирифта, то имрӯз 14-тои он ба истифода дода шудаанд. Лозим ба ёдоварист, ки дар бинои дуюми мактаби рақами 22 дусаду ҳаштод нафар хонанда имкони дар як баст таълим гирифтанро пайдо намуданд. Бинои мазкур бо мизу курсӣ ва таҷҳизоти муосири таълимӣ таъмин гардидааст. Ба гуфтаи мудири маорифи шаҳри Кӯлоб, дар рӯзҳои наздик бинои нави таълимии мактаби рақами 21 низ барои 150 хонанда дар деҳаи Корези Поёни ноҳияи Кӯлоб ба истифода дода мешавад. Он дорои 5 синфхона, утоқи муаллимон ва китобхона мебошад. 

Декабрь 4, 2008 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Данғара озмуни «Фарҳанги дастархонороӣ» баргузор шуд
Пагоҳ дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад