МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО АЛӢ АБДУЛЛО СОЛЕҲ
1 декабри соли 2008 маросими истиқболи расмӣ дар назди қасри шаҳри Адан пойтахти ҷанубӣ ва ё зимистонаи Ҷумҳурии Яман баргузор гашт. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо шукӯҳу шаҳомати хосаи сафарҳои расмӣ Президенти Ҷумҳурии Яман Алӣ Абдулло Солеҳ бо ҳузури Горди ифтихорӣ ва садо додани сурудҳои миллии ду кишвар истиқбол гирифт. Масоили ба роҳ мондани муносибатҳои гуногунҷанбаи ҳамкорӣ нахуст дар гуфтушуниди васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар сипас дар мулоқоти хоссаи сарони давлатҳо — Эмомалӣ Раҳмон ва Алӣ Абдулло Солеҳ баррасӣ шуд. Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунидҳо 4 санади расмӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод ва савдо, илму техника, фарҳанг, маориф ва доир ба машваратҳои сиёсӣ ба имзо расид ва заминаи нахустини сиёсӣ ва қарордодию ҳуқуқӣ барои густариши муносибатҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Яман фароҳам омад. Сарони ду давлат тасмим гирифтанд, ки робитаи мавҷудаи байни табибони тоҷик ва беморхонаҳои Яман ба таври мустақим бе миёнарав ба роҳ монда шавад. Эмомалӣ Раҳмон ва Алӣ Абдулло Солеҳ қарор намуданд, ки Консулгарии фахрии Тоҷикистон дар шаҳри Санъо пойтахти Ҷумҳурии Яман кушода шавад. Ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Яман Алӣ Абдулло Солеҳ изҳор дошт, ки барои ҷудо намудани бино ва муҳайё кардани дигар шароити зарурӣ дастур мефармояд.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Сарвазири Ҷумҳурии Яман Алӣ Муҳаммад Муҷаввар, Раиси Маҷлиси шӯрои (Парлумони) Ҷумҳурии Яман Абдулазиз Абдулғанӣ ва бо гурӯҳи калони соҳибкорони ин кишвар мулоқотҳои судбахш анҷом дод. Зимни сафари расмии худ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз ҷойҳои таърихию фарҳангии ин кишвари афсонавӣ дидан карда, бо таҷрибаи ғании он дар бунёди инфрасохтор ва рушди туризм аз наздик шинос шуд.








Дар Тоҷикистон беш аз 200 корхона ва ҷамъияти нақлиётӣ фаъолият менамояд
Дар шаҳри Гулистон корхонаи таъмири трансформаторҳо ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Носири Хусрав тақдими «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ оғоз шуд
«САРҲАДБОНОН-ЧАШМИ БЕДОРИ ВАТАН». Дар қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ оид ба масоили соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ҳамоиш доир шуд
ZET-MOBILE натиҷаҳои давраи чоруми иқдоми «Миллионро гир»-ро барои моҳи ноябр ҷамъбаст кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати назди Муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен расонида шуданд






