МУСОБИҚАИ ДАСТАҲОИ БАЧАГОНИ МАЪЮБИ БАСКЕТБОЛБОЗ

Декабрь 2, 2008 14:31

           Душанбеи 2 декабр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).- Пагоҳ, 3 декабр дар мактаб — интернати махсуси рақами 3- юми шаҳри Душанбе мусобиқаи дастаҳои  бачагони маъюби баскетболбоз баргузор мегардад. Ин мусобиқа бо ташаббуси  созмони «Специал олимпик» — и Душанбе ва  Раёсати маорифи шаҳр гузаронида мешавад. Директори генералии созмони  «Спесиал  олимпик» Дилбар Шарифова ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки созмони мазкур соли 1995 таъсис ёфта, вазифаи он ташкили мусобиқаҳои  варзишӣ барои бачагони маъюб мебошад. Созмони мазкур имрӯз бештар аз 8 ҳазор аъзо дорад. Онҳо метавонанд маҳорату истеъдоди худро дар мусобиқаҳои варзишии  маҳаллию ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ зоҳир намоянд.           Варзишгарони мо  ҳар чор сол як маротиба  дар  мусобиқаҳои гуногуни варзишии  мамлакатҳои  Аврупою Осиё ширкат меварзанд. Созмони мо  айни ҳол бештар аз 40 нафар қаҳрамони бозиҳои олимпӣ дорад. Аз ҷумла  соли 2005 варзишгарони мо  дар намудҳои варзиши  чавгонбозӣ ва хоккей қаҳрамони олимпӣ гардиданд, гуфт Дилбар Шарифова.

Декабрь 2, 2008 14:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд