НИСФИ АҲОЛИИ МАМЛАКАТ АЗ ВОДОПРОВОД ИСТИФОДА НАМЕБАРАД

Декабрь 11, 2008 09:41

          Душанбе, 11   декабр. (АМИТ «Ховар»,  Людмила  Дубинина ). –  10  декабр   дар  Душанбе   дар  мавзӯи «Ҳамкории мамлакатҳои Осиёи  Марказӣ  дар  масъалаи  истифодаи  захираҳои  об» семинар баргузор  гардид. Дар  он  доктори  илми  ҷуғрофия,  мудири  озмоишгоҳи  Маркази  илмию  тадқиқотии  ҳифзи  захираҳои  оби  Тоҷикистон  Ӯктам  Муртазоев  маърӯза  кард. Маърӯзаи  ӯ  ба  масъалаи  танзими  маҷрои оби  дарёҳои  сарҳадгузар  ҳамчун  воситаи   ҳамкории  мамлакатҳои  минтақа  бахшида  шуд.  Ӯктам  Муртазоев   баъди  анҷоми  семинар   зимни  сӯҳбат  бо  мухбири  АМИТ «Ховар»  зикр  намуд, ки  ҳадафи  асосии  он  ташкили  гурӯҳи  корӣ бо  мақсади омӯзиши   талабот  ба  беҳтар  сохтани  истифодаи   оби  дарёҳои  сарҳадгузар,  муайян  намудани   ноҳияҳои озмоишӣ   ва таҳияи   барномаҳои  ҳамкории  минтақавӣ  буд, ки  қаблан  ба  ин  масъалаҳо  диққати  зарурӣ  дода  намешуд. Олим   афзуд, ки  айни  ҳол   танҳо  тақрибан  57  фоизи  аҳолии  ҷумҳурӣ  аз  шабакаҳои обрасонӣ (водопровод) истифода  мебараду  халос. Аҳолии  боқимонда  обро   аз  ҷӯю  каналҳо  ва  ҳавзҳо  истифода  мебарад. Дар  натиҷа  бемориҳои  гуногун  дар  байни  аҳолӣ  хеле  зуд  паҳн  мегарданд. Инчунин  аз  рӯи  маълумоти  Муассисаи  наҷоти  атфоли  СММ маълум  гардид, ки  45  фоизи  мактабҳои  мамлакат  бо  оби тоза  таъмин карда  нашудаанд. Ҳол  он  ки Тоҷикистон  аз  ҷиҳати  захираи об  дар миқёси  ҷаҳон  баъди  Чин,  Русия, ИМА,  Бразилия, Зоир, Ҳиндустон ва  Канада  ҷои  ҳаштумро ишғол  менамояд.  Қайд  карда  шуд, ки  нерӯгоҳҳои  барқи  обии  мавҷуда  бе  обанборҳои танзимшаванда  самараи  ночизи  иқтисодӣ  медиҳанд. Бинобар  ин нобаробарии  маҷрои  табиии   дарёҳоро  зимни  сохтмони  нерӯгоҳҳои  барқӣ  то  ҳадди  имкон  кам  кардан  лозим  аст. Илова  бар ин,  бисёр  обанборҳои  нерӯгоҳҳои  барқии  Тоҷикистон ҳам  барои  истеҳсоли  қувваи  барқ ва  ҳам  барои  обёрии  зироат  сохта  мешаванд.  Солҳои гузашта  ба   захира  кардани об   барои обёрии  киштзор  аҳамияти  бештар   дода  мешуд. Ин  аз  бисёр  ҷиҳат   сабаби  кам  гардидани  иқтидори  нерӯгоҳҳои  барқӣ  мегардад, гуфт     Ӯ.Муртазоев.

Декабрь 11, 2008 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст