НОЗИРОНИ ТОҶИК БА АШҚОБОД МЕРАВАНД
Душанбе, 5 декабр. (АМИТ «Ховар». Марзия Саидова).- Намояндагони Тоҷикистон аз ҷараёни баргузории интихоботи парлумонӣ дар Туркманистон, ки 14- уми декабри соли 2008-ум баргузор мегардад, мушоҳида мекунанд. Ҳайати нозирони тоҷик таҳти роҳбарии Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоалӣ Болтуев 12-уми декабр озими Ашқобод мешавад. Дар ин хусус роҳбари Дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳибулло Додоҷонов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод. Ҳамчунин, барои мушоҳидаи ҷараёни баргузории интихоботи парлумонӣ -Маҷлиси Туркманистон аз кишварҳои аврупоӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ нозирон даъват карда шудаанд. Дар маҷмӯъ беш аз 40 нозири хориҷӣ аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон, инчунин, Кумитаи иҷроияи ИДМ, Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Ашқобод ҷараёни баргузории интихоботро дар ин кишвар мушоҳида менамоянд. Тибқи иттилои сомонаи интернетии Turkmenistan.ru, чанде пеш роҳбари ситоди намояндагӣ, муовини аввали котиби Кумитаи иҷроияи ИДМ Владимир Гаркун зимни сафари худ ба Туркманистон ҳамроҳи роҳбарияти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Туркманистон аз як қатор ҳавзаю қитъаҳои интихоботии шаҳру вилоятҳои ин кишвар боздид намуд. Вай бо ҷараёни омодагӣ ба ин чорабинии муҳими сиёсӣ ошно гардид. Ҳамзамон, ин сомона навиштааст, ки роҳбарияти Туркманистон ҷиҳати дар сатҳи баланд, шаффофу демократӣ ва бо иштироки нозирони байналмилалӣ гузаронидани интихоботи парлумонӣ тадбирҳои мушаххас андешидааст. Коршиносон бар он ақидаанд, ки ин иқдоми раҳбарияти Туркманистон қадами ҷиддиест дар роҳи наздикшавии ин кишвар ба Ғарб, ки ҳадафи он ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ҷиҳати истихроҷи газу нафт дар кишвар мебошад. Дар Туркманистон 125 ҳавзаи интихоботӣ ташкил карда шудааст. Бояд зикр кард, ки тибқи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи ин кишвар, ба Маҷлиси Туркманистон, ки аз як палата иборат аст, 125 вакил интихоб карда мешавад.








Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд






