Р.ОЛИМОВ: «ҲАР СУБҲ ЧИНРО БАРОИ ХУД БА ТАРЗИ НАВ КАШФ МЕНАМОЯМ»
Душанбе, 23 декабр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). – Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Рашид Олимов дар зиёфати солинавии шӯъбаи ахбори хориҷии рӯзномаи «Женмин Жибао» ва сайти интернетии «Женминван» ширкат варзид. Вай кормандони ин нашрияро ба муносибати фаро расидани иди Соли нав табрик намуда, зикр кард, ки «Ҳар субҳ кишвари Чинро барои худ ба таври дигар кашф менамояд». Ба туфайли маҳорати калони касбӣ ва таҷрибаи мухбирону суратгирон ва рассомони рӯзнома дар пеши назари хонанда манзараҳои рангоранги ҳаёти пурҷӯши хӯрӯши мардуми мамлакат ҷилвагар мешавад. Сафир зикр намуд, ки мардуми Чин 30 сол боз ҷаҳониёнро бо ислоҳоти ҷасурона ва самимияти худ ба ҳайрат меандозад. Чин дар соли гузашта ба комёбиҳои нав ба нав ноил гардид. Тантанаи Бозиҳои олимпӣ ва мардонавор бартараф сохтани оқибати зилзилаи харобиовар дар вилояти Сичуан иродаи қавӣ ва рӯҳияи шикастнопазиру ваҳдати халқи Чинро бори дигар ба мардуми ҷаҳон нишон доданд. Мамлакатҳои ҷаҳон Чинро дар бобати бартараф сохтани ин фоҷиа ҳамаҷониба дастгирӣ намуданд. Тоҷикистон ҳам мисли бисёр мамлакатҳои ҷаҳон бо иштироки намояндагони худ Бозиҳои олимпиро дастгирӣ намуда, ба мардуми офатзадаи вилояти Сичуан то ҳадди имкон кӯмаки башардӯстона расонд, гуфт Рашид Олимов.








«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад






