«РЕГАР» ТАДАЗ ҲАФТУМИН БОР СОҲИБИ УНВОНИ ҚАҲРАМОН МЕШАВАД?
Душанбе, 10 декабр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ вохӯриҳо баргузор гардиданд. Пешсафи мусобиқот — дастаи «Регар»- ТадАЗ-и шаҳри Турсунзода дар ин сабқат бо ҳасоби 5:2 футболбозони дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлобро мағлуб кард. Дар бозии дигар дастаи «Динамо»-и шаҳри Душанбе дар майдони худ аз дастаи барқчиёни «Энергетик»-и Душанбе бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд. Дастаи «Регар»- ТадАЗ бо 94 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқот қарор гирифтааст ва ҳафтумин бор соҳиби унвони Қаҳрамони футболи Тоҷикистон шуданаш аз эҳтимол дур нест. Муддаиёни медалҳои нуқраву биринҷӣ — «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо 79 имтиёз дар ҷои дуюм ва «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бо 78 имтиёз дар ҷои сеюм қарор доранд.








Дар ноҳияи Данғара озмуни «Фарҳанги дастархонороӣ» баргузор шуд
Пагоҳ дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад






