ШИФОХОНАҲОИ НОҲИЯҲОИ РӮШОН ВА ВАРЗОБ ТАҶҲИЗОНИДА МЕШАВАНД

Декабрь 24, 2008 12:12

Душанбе, 24 декабр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова).- Ҳукумати Швейсария рӯзҳои наздик  ба вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон асбобу анҷоми зарурии тиббӣ тӯҳфа хоҳад кард. Асбобу анҷоми тиббӣ дар навбати аввал ба шифохонаҳое дода мешавад, ки  дар онҳо  бо кӯмаки молиявии Швейсария барномаҳои гуногун амалӣ карда мешавад. Корманди  намояндагии Агентии  рушд ва ҳамкории   Швейсария дар Тоҷикистон  Гулноза Ҳасанова зикр кард, ки  асбобу анҷоми тиббӣ  ба шифохонаҳои  ноҳияҳои Рӯшон ва Варзоб дода хоҳад шуд. Г.Ҳасанова зикр кард, ки  дар ин бора  16 декабр байни  вазорати тандурустии Тоҷикистон, Агентии рушд ва ҳамкории Швейсария, инчунин Хазинаи Оғохон меморандум имзо шуда буд.

Декабрь 24, 2008 12:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд