«ТОҶИКАГРОЛИЗИНГ» БА ДЕҲҚОНОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН КӮМАК МЕРАСОНАД
Қӯрғонтеппа, 2 декабр. АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). – Соҳаи кишоварзии вилояти Хатлон имрӯз ба 4 ҳазор трактор барои анҷом додани кори байни қаторҳо, 3 ҳазор трактори шудгоркунанда, 185 комбайни ғалладарав ва теъдоди зиёди навъҳои дигари техника ниёзманд аст. Хоҷагиҳои деҳқонии вилоят имкон доранд, ки тамоми техникаи заруриро ба воситаи Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикагролизинг» дастрас намоянд. Онҳо бояд барои ин ариза пешниҳод кунанд. Мутахассисони корхона баъди баррасии аризаҳо дар бораи додани техника ба хоҷагиҳои кишоварзӣ қарор қабул мекунанд. Хоҷагиҳои деҳқонӣ дар ин маврид бояд 30 фоизи арзиши техникаро пешакӣ супоранд. Қисми боқимондаи арзиши он дар давоми се сол пардохта мешавад. Баъдан хоҷагиҳо дар бораи хариди техника бо корхонаи мазкур қарордод имзо мекунанд. Ба ақидаи мутахассисон, чунин усули кор ҷараёни хариди техникаро хеле осонтар мегардонад.








Дар ноҳияи Данғара озмуни «Фарҳанги дастархонороӣ» баргузор шуд
Пагоҳ дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад






