ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ ДОНИШКАДАИ СОҲИБКОРӢ ВА ХИЗМАТ
Душанбе, 26 январ.(АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Баҳри омӯзиш ва табодули таҷрибаи донишҷӯёну устодони Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ба наздикӣ ректори донишкада Файзалӣ Комилов зимни сафар ба Туркия бо Донишгоҳи Фотеҳи шаҳри Истамбул шартномаи таълимӣ-медодӣ, илмӣ-тадқиқотӣ ва фарҳангӣ ба имзо расонид. Ин шартнома озмоишӣ буда, дар доираи он донишҷӯёни Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат метавонанд таҳсили худро дар Донишгоҳи Фотеҳ идома диҳанд. Ҳамчунин устодон имконият доранд, ки барои такмили ихтисос, таҷрибаомӯзӣ ва иштирок намудан дар конфронсҳои илмии дуҷониба ва робитаҳои фарҳангӣ ба Туркия сафарҳои хизматӣ анҷом диҳанд. Ғайр аз ин донишкада бо Донишгоҳи давлатии технология ва идораи шаҳри Москва, Донишкадаи давлатии техникаи электронии шаҳри Москва, Донишкадаи давлатии иқтисодии Урали шаҳри Екатеринбург ва Донишгоҳи иқтисодии Ҷумҳурии Қазоқистон ҳамкорӣ ва равобити байналмиллалӣ дорад.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд






