БДА БА БУҶАИ ҶУМҲУРИ 11 МИЛЛИОНУ 800 ҲАЗОР СОМОНИ ВОРИД КАРД
Душанбе, 27 январ. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Соли 2008-ум дар ҷумҳурӣ 792 ҳазору 700 ҳолати вайронкунии қоидаҳои ҳаракати роҳ ба қайд гирифта шуд. Ин нуқтаро зимни нишасти матбуотӣ вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадназар Солеҳов ба доираи васеи хабарнигорон иттилоъ дод. Вазир афзуд, ки аз ҷумла, 10 ҳазору 103 ҳолати идоракунии воситаҳои нақлиёт дар ҳолати мастӣ, 9242 ҳолати истифодабарии воситаҳои нақлиёти сиёҳшиша, 9234 ҳолати рондани мошинҳо бе рақамҳои қайди давлатӣ, 8153 ҳолати итоат накардан ба талаботи корманди милитсия, 8969 ҳолати ба миён овардани вазъияти хавфнок ва 38004 ҳолати идоракунии воситаҳои нақлиёт бе шаҳодатномаи ронандагӣ ошкор карда шуд. Ҳамчунин қайд гардид, ки дар соли 2008 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 1673 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷаи онҳо 495 нафар ҳалок ва 1935 нафар ҷароҳатҳои ҷисмонии дараҷаҳои гуногун гирифтаанд. Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи садамаҳои нақлиётӣ 5,7 % кам гардид. Дар ин давра кормандони Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ дар натиҷаи фаъолияти маъмурӣ ба хазинаи давлат 11 миллиону 800 ҳазор сомонӣ ворид намуданд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






