БОҒДОРӢ ҲАМ ШУҒЛИ АСОСИИ ХОҶАГИДОРИСТ

Январь 27, 2009 13:07

                 Душанбе, 27 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Иқлими водии Рашт нафақат барои картошкапарварӣ, балки барои рушди соҳаи боғдорӣ, чорводорӣ ва занбӯри асалпарварӣ ҳам мусоид аст. Бахусус зиёд кардани масоҳати боғҳо ва ривоҷи соҳаи занбӯри асалпарварӣ бо мақсад мувофиқ аст.                 Дар ноҳияи Тоҷикободи ин минтақа, баробари картошкапарварӣ ба боғдорӣ ҳам аҳамияти махсус дода мешавад, зеро аз ин соҳа ҳамасола даромади хуб ба даст оварда мешавад.                Соли 2008 дар ноҳия 20 гектар боғи нав ва 13 гектар боғҳои кӯҳна аз нав барқарор карда шуд. Дар ноҳия масоҳати боғҳои ҳосилдеҳ аз 30 гектар зиёд аст ва масоҳати он ҳар сол ба андозаи 15-20 гектар зиёд карда мешавад.                Танҳо соли гузашта аз ин боғҳо беш аз 5 ҳазор тонна меваи хушсифат ҷамъоварӣ гардид.

Январь 27, 2009 13:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст