ДОНИШКАДАИ СОҲИБКОРӢ ВА ХИЗМАТ ПУРРА БА НИЗОМИ КРЕДИТИИ ТАҲСИЛ ГУЗАШТААСТ

Январь 26, 2009 16:06

                      Душанбе, 26 январ.(АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат — мактаби олии соҳавӣ буда, имрӯз узви Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ, шабакаи маълумотии Осиёи Марказӣ- ENDET ва ассотсиатсияи байналмиллалии донишгоҳҳо- TARENA, дорои Иҷозатномаи Вазорати маорифи ҶТ оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ ва Шаҳодатномаи аккредитасионии давлатӣ мебошад, — зикр намуд, ректори донишкадаи мазкур Файзалӣ Комилов, зимни нишасти матбуотие, ки доир ба натиҷаҳои фаъолияти ин мактаби олӣ дар соли 2008 баргузор гардид. Ӯ қайд кард, ки дар давоми соли гузашта Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат барои тайёр кардани мутахассисони баландихтисос кӯшишҳои зиёде ба харҷ дода, курсҳои махсуси соҳибкориро таъсис намуд, ки рӯзҳои наздик ба фаъолият оғоз менамояд. Ҳамчунин дар давраи ҳисоботӣ донишкада ба фаъолияти веб-сайти худ ифтитоҳ бахшида, як маркази иттилоотию коммуникатсионӣ ташкил намуд. Бо иқдоми худи ректор барои донишҷӯёни бепарастор маблағи шартномавӣ аз 10 то 100% паст карда шуд ва донишҷӯёни фаъол ба гирифтани идрорпулӣ ба маблағи 25 -70 сомонӣ мушарраф гардиданд.                     Дар давоми соли 2008 аз ҳисоби худмаблағгузорӣ, дар матбааи худи донишкада, 7 васоити таълимии зарурӣ ба забони тоҷикӣ аз чоп баромад.                    Имрӯз Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат пурра ба низоми кредитии таҳсил фаро гирифта шуда, дар он 3709 нафар донишҷӯ дар факултаҳои- Соҳибкорӣ ва менеҷмент, Бизнес ва молия, Туризм , аудит ва маркетинг, аз рӯи 9 ихтисос таҳсил менамоянд. 22 донишҷӯи хориҷӣ аз Ҷумҳурии Узбекистон, Казоқистон, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон низ дар ин донишкада мехонанд ва бо хобгоҳи замонавӣ таъминанд.                    Ф. Комилов дар бораи самтҳои минъбаъдаи пешрафти донишкада дар соли 2009 сухан намуда, иброз дошт, ки дар нақшаи нави қабули донишҷӯён ба донишкада, ташкил намудани 24 тахассуси нав, аз ҷумла «Иқтисодиёт ва идораи сайёҳӣ», «Менеҷмент дар соҳаи сайёҳии байналмиллалӣ», «Фаъолияти соҳибкорӣ дар корхона», «Иқтисодиёт ва идораи корхонаи хизматрасонӣ» ва ғайра пешбинӣ шудааст.  

Январь 26, 2009 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд