ФРОНТИ ЗАРБДОРИ ВАЗОРАТИ КИШОВАРЗӢ

Январь 30, 2009 14:18

                Душанбе, 30 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои сардори маркази матбуот ва иттилоотии Вазорати кишоварзӣ Нарзулло Додобоев, дар вазорати мазкур бо сардории муовинони вазир чор гурӯҳи корӣ оид ба санҷиши нишондодҳои иқтисодӣ, рафти корҳои мавсимӣ-саҳроӣ, зимистонгузаронии чорво, тайёрӣ ба мавсими наслгирӣ дар соли 2009, таъмини хоҷагиҳо бо техника, сӯзишворӣ, тухмӣ, ниҳолшинонӣ ва бунёди боғҳои нав, таҳлили мушкилоти ҷойдошта ва ҳалли он дар маҳал таъсис дода шуд.               Гурӯҳҳои кориро муовини авали вазири кишоварзӣ Раҳмоналӣ Амиров дар вилояти Суғд, муовинон Раҳимназар Шукрулло дар вилояти Хатлон, Маҳмуд Қодиров дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва Сиҷовиддин Исроилов дар ноҳияҳои тобеи марказ роҳбарӣ мекунанд.               Рӯзи 2-юми феврал гурӯҳҳои корӣ аз рӯи натиҷаи сафар ба унвонии вазир гузориш медиханд.

Январь 30, 2009 14:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид