КАДОМ НАМУДҲОИ АНДОЗ ИҶРО НАШУДАНД?

Январь 27, 2009 11:45

                 Душанбе, 27 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2008 иҷрои нақшаи тасдиқкардашударо ба андозаи 111,6 фоиз таъмин намуда, ба ҷойи 1635,8 миллион сомонӣ ба буҷет 1825,9 миллион сомонӣ ворид сохт, ки он аз нишондиҳандаҳои нақшавӣ дар ҳаҷми 190,1 миллион сомонӣ ва нисбат ба воридоти маблағҳо дар соли 2007 ба андозаи 561,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин бора ба хабарнигорон раиси кумитаи мазкур Нусратулло Давлатов 27 январ зимни нишасти матбуотӣ маълумот дод.                 Ӯ афзуд, ки нақшаи аниқкардашуда бо назардошти аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллӣ қабул карда шудани буҷетҳои иловагӣ ба андозаи 105,6 фоиз таъмин гардида, ба ҷойи 1738,2 миллион сомонӣ ба буҷет 1825,9 миллион сомонӣ ворид карда шуд, ки он аз нишондиҳандаҳои нақшавӣ 84,5 миллион сомонӣ зиёд аст.                 «Дар баробари ин, бояд зикр кард, ки дар соли 2008 иҷрои нақшаи 4 намуди андоз, аз ҷумла андоз аз арзиши иловашуда, андози ягона, андоз аз коркарди маҳсулот ва андоз аз фурӯши нахи пахта таъмин нагардид, ки дар натиҷа аз ин ҳисоб ба буҷет 43,8 миллион сомонӣ ворид нашуд», — таъкид намуд Н. Давлатов.  

Январь 27, 2009 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад