МУЛОҚОТИ ПРЕЗИДЕНТ БО САФИРИ БРИТАНИЯИ КАБИР
Душанбе, 28 январ. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев ). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз бо сафири нави фавқулодда ва мухтори Британияи Кабир дар Тоҷикистон Тревор Мур мулоқот кард. Т.Мур баъди анҷоми мулоқоташ бо Президент зимни сӯҳбати мухтасар бо хабарнигорон гуфт, ки мулоқот бо сардори давлати Тоҷикистон хеле муҳим буд ва пурмӯҳтаво гузашт. Дар ҷараёни он масъалаҳои муҳимтарини рушди муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои гуногун муҳокима шуданд. Аз ҷумла, ба масъалаи ҳамкории Тоҷикистону Британияи Кабир дар соҳаи гидроэнергетика ва коркарди сарватҳои табиӣ диққати калон дода шуд. Сафир зикр намуд, ки ҳамроҳи Президенти Тоҷикистон масъалаҳои ҳамкории ҳар ду мамлакатро дар бобати мусоидат ба рушди Афғонистон баррасӣ намудааст. «Тоҷикистон метавонад дар ин масъала бо Британияи Кабир самарабахш ҳамкорӣ кунад. Зеро мамлакати Шумо дар бобати истиқрори сулҳ таҷрибаи калон дорад ва бо Афғонистон ҳамсояи наздик мебошад», — гуфт сафир. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки сафири Британияи Кабир ва Президенти Тоҷикистон инчунин масъалаи беҳтар сохтани муносибатҳои ҷумҳуриро дар минтақа баррасӣ намуданд. Британияи Кабир имкон дорад, ки барои рушди иқтисодии Тоҷикистон кӯмак расонад. Ман ҳамчун сафир кӯшиш хоҳам кард, ки таҷрибаю дониши худро бо ин мақсад истифода барам, гуфт дар хотима Тревор Мур. Тарҷумон — Қудратов А.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






