НОХИЯҲО БА ХУДМАБЛАҒГУЗОРӢ МЕГУЗАРАНД

Январь 28, 2009 11:02

                     Душанбе, 28 январ.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар соли 2009 кам кардани субвенсияҳои давлатӣ барои ноҳияҳо пешбинӣ шудааст. Бо ин мақсад дар соли 2009 Ҳукумати ҷумҳурӣ буҷети шаҳри Роғунро 3,7 млн. сомонӣ кам карда онро аз дотатсияи давлатӣ баровард.                     Дар соли 2009 ноҳияҳои Ҳисор, Турсунзода ва Рӯдакӣ ҳам аз субвенсия бароварда шуданд. Фоизи субвенсияҳо бошад сол аз сол кам карда мешавад.                     Бо сабаби он, ки ноҳияҳои Роғун, Ҳисор ва Рӯдакӣ имкониятҳои худмаблағтаъминкуниро доранд, бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз дотатсия бароварда шуданд.                    Акнун минтақаҳои ҷумҳурӣ ба ду гурӯҳ ҷудо карда мешаванд; минтақаҳои дотатсионӣ ва донорӣ.  Минтақаҳои донорӣ нафақат хароҷоти худро пурра таъмин мекунанд, балки ба буҷаи ҷумҳурӣ низ маблағи муайянро пардохт менамоянд.

Январь 28, 2009 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст