ПРЕЗИДЕНТИ ИМА САВГАНД ЁД КАРД

Январь 21, 2009 17:05

                  Душанбе, 21 январ. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — 20 январ дар Вашингтон маросими савгандёдкунии президенти 44 -уми Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Барак Обама баргузор гардид.                  Корманди калони илмии Пажӯҳишгоҳи давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон Комёб Ҷалилов зимни сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» зикр намуд, ки баъди ба сари ҳокимият омадани президенти нави ИМА сиёсати стратегии маъмурияти ин мамлакат дар соҳаҳои сиёсию иқтисодӣ ва сиёсати дохилию хориҷӣ мисли пештара боқӣ хоҳад монд. Пешгӯӣ кардан мумкин аст, ки дар давоми солҳои наздик қисмҳои ҳарбии ИМА аз Ироқ бароварда, дар ин мамлакат ҳукумати миллӣ ташкил карда мешавад. Барак Обама мисли президенти собиқи мамлакаташ Ҷорҷ Буш тарафдори зиёд кардани теъдоди аскарону афсарони хориҷӣ ва вусъат бахшидани амалиёти зидди террористӣ дар Афғонистон мебошад.                   Гуфтан мумкин аст, ки ИМА таҳти роҳбарии Барак Обама барои ҳалли масъалаҳои стратегию сиёсӣ, аз ҷумла, тақвияти мубориза ба муқобили терроризми байналхалқӣ бо Русия бештар ҳамкорӣ хоҳад кард. Дар муносибатҳои ИМА ва Тоҷикистон рух додани тағйироти ҷиддӣ гумон аст. Муносибатҳои онҳо мисли пештара давом дода хоҳанд шуд. Ба ақидаи К.Ҷалилов, ИМА ва Тоҷикистон дар масъалаҳои иқтисодӣ ва барқарор сохтани Афғонистон бештар ҳамкорӣ карда метавонанд.

Январь 21, 2009 17:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст