ШАРТНОМАҲОИ ҚАЛБАКӢ

Январь 28, 2009 11:01

                Душанбе, 28 январ.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар соли 2008 вазъи ба имзорасии созишномаҳои соҳавӣ ва шартномаҳои коллективиро мавриди санҷиш қарор дод.                Таҳлили фаъолияти ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳо дар ин самт нишон дод, ки аз 1268 ташкилоту муассисаҳои таҳти санҷиши мақомоти вазорат қарордошта, дар 599-тои он шартномаҳои коллективӣ баста нашудааст. Илова бар ин аз шартномаҳои баимзорасида 421-тои он ба талаботи бастани шартнома ҷавобгӯ нест.               Тибқи қонунҳои ҷорӣ, дар шартнома муқаррар намудани андозаи музди меҳнат, пардохти саривақтии он, таъмини ҳифзи меҳнат ва ташкили фаъолияти мӯътадили истеҳсолот, ки талаботи асосии шартномахои коллективӣ маҳсуб меёбанд, аз тарафи корфармоён сарфи назар шудаанд,- иброз доштанд дар вазорати мазкур ба мухбири АМИТ «Ховар».

Январь 28, 2009 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст