СОҲАИ ПАХТАКОРӢ ЗАРАРОВАР ГАРДИД, ЧАРО ?
Душанбе, 28 январ.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба суханони вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов, пахтакорӣ дар ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи афзалиятнок шуморида мешавад ва қариб дар 60 фоизи заминҳои корами обёришаванда ин зироати техникӣ кишт карда мешавад. Аммо боиси таассуф аст,ки сол аз сол истеҳсоли ин ашёи хоми пурқиммат кам мегардад. Дар баробари кам шудани истеҳсоли умумии пахта, қарзи хоҷагиҳо дар назди сармоягузорон афзоиш меёбад. Ин муаммо вақте ба миён гузошта шудааст, ки қарзи хоҷагиҳои пахтакор аз 80, 4 млн.доллари дар соли 2001 бавуҷудомада, дар соли 2008 ба 488,5 млн.доллар расидааст. Кушодани чигили ҷавобгарӣ муаммои дигарест, ки барои имрӯзу фардо ва рӯзҳои пешоянд ҳам беҷавоб боқӣ мемонад ва пахтакорӣ аз соҳаи даромаднок ба соҳаи зараровар табдил меёбад.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






