«ТОҶИКМАТЛУБОТ» АЗ ХОРИҶ 8,5 МИЛЛИОН СОМОНӢ МОЛУ МАҲСУЛОТ ВОРИД КАРД

Январь 26, 2009 16:42

                   Душанбе, 26 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Иттифоқи «Тоҷикматлубот» дар давоми соли 2008 ба маблағи 8,5 миллион сомонӣ молу маҳсулот ва таҷҳизоти истеҳсолӣ ворид кард.                    Раиси Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Сироҷиддин Валиев дар сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар ин давра аз хориҷи кишвар 130 тонна равғани растанӣ, 2 ҳазору 636 тонна орд, 6 ҳазору 991 тонна ангиштсанг, 60 тонна картошка, 10 тонна собуни хоҷагӣ ва 58 тонна семент ворид карда шуд.                   «Дар соли 2008 ҳаҷми хариди маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба соли 2007 афзоиш ёфт. Дар ин муддат 3 ҳазору 142 тонна картошка, 4 ҳазору 258 тонна сабзавот, 2 ҳаззору 95 тонна маҳсулоти ғаллагӣ ва 1 ҳазору 151 тонна зироатҳои полезӣ харидорӣ шуд», — идома дод С. Валиев.                   Бояд тазаккур дод, ки дар соли 2008 аз ҷониби «Тоҷикматлубот» тибқи шартномаҳои тарафайн аз хоҷагиҳои деҳқонию фермерӣ ва дигар истеҳсолкунандагон 44,9 ҳазор тонна маҳсулот дар ҳаҷми 33,4 миллион сомонӣ харид карда шуда, пешакӣ барои ҳавасмандии онҳо 30 фоиз аз ҳаҷми умумии маҳсулот пешпардохт шудааст.

Январь 26, 2009 16:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд