«ТОҶИКМАТЛУБОТ» СОДИРОТРО МЕАФЗОЯД

Январь 26, 2009 14:56

                 Душанбе, 26 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар давоми соли 2008 аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар зиёда аз 1 ҳазору 388 тонна сабзавот содирот шуд. Ин нуқтаро зимни нишасти матбуотӣ 26 январ, раиси Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Сироҷуддин Валиев ба хабарнигорон итилоъ дод.                Ӯ афзуд, ки дар ин давра ба хориҷи кишвар, бахусус Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Халқии Чин ва Ҷумҳурии Қазоқистон 31 тонна меваи тару тоза, 217 тонна меваи хушк, 110 тонна зироатҳои полизӣ, 60 тонна ангур, 695 ҳазор қуттии шартӣ консерва, 70 ҳазор дона пӯсти чорво ва 60 тонна пашм содирот шуд.                 Лозим ба зикр аст, ки Иттифоқи «Тоҷикматлубот» бо яке аз ширкатҳои бузурги Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба хариди таҷҳизоти шустушӯи пашм шартнома ба имзо расонд, ки дар як соат 550 килограмм ва дар як баст 4400 килограмм пашмро шустушӯ мекунад ва ҳамзамон, бо бастабандии 100 килограмм пресс менамояд.

Январь 26, 2009 14:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад