ВАЗИРИ КИШОВАРЗӢ БА ОЯНДА НЕКБИН АСТ
Душанбе, 27 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Вазифаи асосии кишоварзон ин таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва истехсоли ҳарчӣ бештари маҳсулот мувофиқи меъёрҳои муайянгардида мебошад,-иброз дошт вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов дар ҷаласаи ҷамъбастии солонаи соҳаи мазкур ба хабарнигорони дохилу хориҷи кишвар. Бо мақсади дастгирии соҳаи кишоварзӣ ва рушди минбаъдаи он соли 2008 аз буҷети ҷумҳурӣ бо назардошти рушди соҳаҳои дигари кишоварзӣ ва нақшаи тасдиқшудаи хароҷот 32 миллиону 88 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Аз маблағи ҷудогардида то охири моҳи декабри соли 2008 31 миллиону 307 ҳазор сомонӣ хароҷот карда шудааст. Аз ҳисоби ин маблағ танҳо барои хариди техникаи таъиноти кишоварзӣ 8 миллион сомонӣ ҷудо гардид, ки бо ин маблағ беш аз 100 трактори шудгоркунанда харидорӣ гардид. Камбудиҳои соҳаи кишоварзӣ зиёд аст, аммо онро бо ҷаҳду талоши мардуми заҳматкаш бартараф хоҳем кард,-мегӯяд бо боварӣ вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






