32 МАМЛАКАТИ ҶАҲОН БА КӮМАКҲОИ БАЙНАЛХАЛҚӢ ЭҲТИЁ&#12

Февраль 13, 2009 13:34

                Душанбе, 13 феврал. АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Коршиносони муассисаҳои озуқаворӣ ва кишоварзии СММ пешгӯӣ мекунанд, ки истеҳсоли ғалла дар давоми солҳои 2009 — 2010 нисбат ба солҳои гузашта дар миқёси ҷаҳон хеле кам хоҳад шуд. Коҳиши ҳосилнокии зироат ба вазъи номусоиди ҳаво дар баъзе минтақаҳо ва кам шудани масоҳати киштзор вобаста карда мешавад.                 Мувофиқи хабари дафтари матбуоти СММ, соли равон истеҳсоли ғалла дар ҷаҳон афзуда, ба 2,27 миллиард тонна мерасад. Дар ин маврид ҳосилнокии ғалла нисбат ба ҳаҷми истеъмоли он зиёд хоҳад гашт. Захираи ғалладона дар ҷаҳон 496 миллион тоннаро ташкил медиҳад. Ин нисбат ба захираи ғалла дар соли 2002 хеле зиёд мебошад.                 Дар маърӯзаи СММ ба кам шудани масоҳати киштзори гандуми тирамоҳӣ дар мамлакатҳои Аврупо ва ИМА диққати калон дода шудааст. Қайд карда мешавад, ки бо вуҷуди вазъи ҳавои мусоид дар мамлакатҳои Аврупо ва ИДМ истеҳсоли ғалла кам хоҳад шуд.                 Коршиносони СММ пешгӯӣ мекунанд, ки дар баробари зиёд гардидани хароҷоти истеҳсоли ғалла нархи маҳсулоти кишоварзӣ дар бозори ҷаҳонӣ паст хоҳад шуд. Дар маърӯза омадааст, ки имрӯз 32 мамлакати ҷаҳон, аз ҷумла, Тоҷикистон ба кӯмаки таъҷилии байналхалқӣ дар бобати таъминоти озуқаворӣ эҳтиёҷи калон доранд.                                                                                                                               Тарҷумон — Қудратов А. 

Февраль 13, 2009 13:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд