БА ДОНИШҶӮЁНИ БЕҲТАРИНИ ТОҶИК СТИПЕНДИЯҲОИ БА НОМИ Д.МЕНДЕЛЕЕВ

Февраль 4, 2009 16:21

                       Душанбе, 4 феврал. АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Сино маросими супоридани стипендияҳои номии ба номи Д.Менделеев баргузор гардид, ки онҳоро Бунёди рушди «Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти мамлакатҳои Евразия» — и Федератсияи Русия таъсис додааст. Даҳ нафар донишҷӯӣ беҳтарини мактабҳои олии Тоҷикистон барои муваффақиятҳояшон дар таҳсил ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ ба ин мукофот сазовор гардиданд. Онҳо донишҷӯён М.Шерова, Д.Муродов, Ҳ.Ёров, Ф.Абдуллоев, Х.Каримов, П.Лоиқов, С.Абдураҳимов, М.Рустамова, Ш.Ҳусейнов ва Х.Келдиев мебошанд.                        Сардори раёсати барномаҳои ҳамкории маъмурияти президенти Русия Алексей Прошин донишҷӯёнро табрик намуда, зикр кард, ки Бунёди «Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти мамлакатҳои Евразия» дар тамоми мамлакатҳои собиқи шӯравӣ фаъолият дорад. Вале мукофотҳои ба номи Д.Менделеев дар байни ин мамлакатҳо бори аввал дар Тоҷикистон супорида мешаванд. Мо медонем, ки Тоҷикистон дорои нерӯи бузурги илмию фарҳангӣ мебошад. Бинобар ин ба мамлакати Шумо барои ба роҳи илм ҳидоят намудани ҷавонони соҳибистеъдод ҳамаҷониба кӯмак хоҳем расонд, гуфт А.Прошин.

Февраль 4, 2009 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд