КӮМАКИ БАШАРДӮСТОНАИ ВИЛОЯТИ КРАСНОДАР
Душанбе, 27 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ, дар асоси меморандуми Бонки рушди исломӣ ва Вазорат рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ аз вилояти Краснодари Федератсияи Россия ҳамчун кӯмаки башардӯстона 491 тонна гандуми тухмӣ ба ҷумҳурӣ ворид карда шуд. Тухмии мазкур асосан ба 1300 хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ дода мешавад. Ин аз он кӯмакҳои башардӯстонаест, ки ба тарзи ройгон, барои рушди соҳа, баланд бардоштаи ҳосили гандум ва барномаи таъмини озуқавории кишвар бахшида мешавад.