КИТОБХОНАИ ИЛМИИ ДОНИШГОҲ САЗОВОРИ СЕРТИФИКАТИ ЗАРРИН ГАРДИД

Февраль 4, 2009 15:22

                    Душанбе, 4 феврал. АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова ). — Китобхонаи илмии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар озмуни китобхонаҳои илмии мактабҳои олии мамлакатҳои ИДМ ширкат варзида, ғолиб омад ва сазовори сертификати заррин гардид. Озмуни мазкур моҳи декабри соли гузашта гузаронида шуд. Шартҳои он ба масъалаҳои гуногуни фаъолияти китобхона, аз ҷумла, миқдори китобҳо дар фонди китобхона, шароити нигоҳ доштани китобҳои дарсӣ, тартибу сифат ва миқдори истифодаи онҳо, мавҷудияти китобҳои илмӣ ва теъдоди хонандагонро дар бар мегирифтанд.                    Директори китобхонаи донишгоҳ Зайниддин Мухторов ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки ба туфайли ғолиб омадани он дар озмун ба фонди китобхона 3 ҳазор нусха китобҳои илмию таълимӣ тӯҳфа карда мешавад. Инчунин, гурӯҳи калони кормандони он барои омӯхтани таҷриба ба Маскав мераванд.

Февраль 4, 2009 15:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд