МУЛОҚОТ ДАР ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ХОРИҶӢ

Февраль 20, 2009 17:27

                  Душанбе, 20 феврал. АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ имрӯз бо директори раёсати барномаҳои стратегӣ, сиёсат ва барномаҳои таъминоти моддию техникии ҳайати қумондонии нақлиётии ИМА, контр — адмирали амрикоӣ Марк Харничек мулоқот кард.                   Мусоҳибон масъалаи интиқоли транзитии лавозимоти ғайриҳарбӣ ва тиҷоратии ИМА — ро ба воситаи қаламрави Тоҷикистон ба Афғонистон баррасӣ намуданд, ки барои таъминоти ҷузъу томҳои низомии ИМА ва иттифоқчиёнаш дар ин мамлакат зарур мебошанд.                  Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Ҳ.Зарифӣ ва М.Харничек дар фарҷоми мулоқот роҷеъ ба имкониятҳои бештар ривоҷ додани ҳамкорӣ дар масъалаи беҳтар намудани вазъияти Афғонистон ва минтақа табодули назар намуданд.

Февраль 20, 2009 17:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд